Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Конибодом

   Баҳри иҷрои барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва ҷамоатҳои деҳот аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. ксия бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо ҳамагӣ 280 нафар гузаронида шуда, дар натиҷа партов ба миқдори 8 м3 ба партовгоҳ бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Исфара

   Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд № 12/6.20 аз 16.02.2023 сол , иҷрои нақшаи корӣ, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ дар даромадгоҳ ва маркази шаҳри Исфара аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, ташкилоту идораҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 3200 нафар иштирок доштанд. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара рафти аксия ҷӯйборҳо - 3,3 км, ҳудуд - 2,4 км, замин аз алафҳои бегона - 1560 м2 тоза карда шуда, ба партовгоҳ ба миқдори 15 м3 партов бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар гимназияи № 2-и шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия омӯзгорон ва хонандагони муассиса 150 нафар фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз партовҳои гуногун тоза карда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод

   Дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд аз 10.02.2023, № 54-9/16 тф, бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ҷомии деҳаи Зарафшон н.Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид. Дар он командони бахши ҳифзи муҳити зист, намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ 580 нафар иштирок доштанд. Давоми аксия 1200 м ҷӯйборҳо, 650 м каналҳо ва 500 м роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки собиқадорон ва сокинон дар ҳудуди шаҳраки Зарафшони ҷамоати деҳоти Ҷомӣ зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пешбинӣ гардидааст. 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.