Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Л., сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Л. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С. аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, оид ба дастовардҳои ноилгардидаи мақомот дар давраи ҳисоботӣ, аз он ҷумла бо иқдоми мақомот сохтани партовгоҳҳои муваққатӣ, насби баннерҳои экологӣ дар шоҳроҳҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, масъалаи муомилот бо партов ва ҳолати кунунии партовгоҳҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дода шуд.
Бартараф намудани партовҳои қадди роҳи ҷамоати шаҳраки ноҳияи Зафаробод
Дар маҳаллаи Ҷ.Зарипови ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бо иштироки беш аз 80 нафар ҷавонон ва сокинони маҳалла, аз ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тоза намудани қадди роҳ аз партовҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо дархости раиси ноҳия аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ташкил гардида, инчунин кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва намояндаи идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳанӯз 27 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Бо эҳтироми хоса ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати доимии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Бартараф намудани партови бесоҳиб
Аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” таҳти назорати доимӣ қарор дорад.Бо ин мақсад бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо аз партовҳо дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан дар се минтақа тақрибан 12 м3 партовҳои бесоҳиб пурра бартараф карда шуд.