Тибқи нақшаи корӣ нозирони шуъбаҳои сарраёсат назорати давлатиро дар самтҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои гуногуни миқёси вилоят амалӣ менамоянд. Бо ин мақсад, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар мавзеи партовгоҳи шаҳри Истиқлол 2 нафар сокини шаҳри Хуҷанд боздошт гардиданд, ки бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон, аз ҷумла саъба машғул буданд. Нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 208, қ.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.
Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо истифода аз обу ҳавои мусоид, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Спитамен ва Ҷ.Расулов аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Аксияҳои мазкур асосан бо мақсади тоза намудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кўчаҳои протоколӣ ва минтақаи шаҳрии соҳили дарёи Сир аз партовҳо баргузор гардида, дар рафти онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои савдо ва тиҷорат, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, ҳамагӣ беш аз 2 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 5,1 км ҷуйборҳои қадди роҳ, 3 км соҳилҳои обӣ ва зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, дар баробари ин корҳои сафед кардану рангубори қадди роҳҳои пиёдагард ба сомон расонида шудааст. Ба партовгоҳҳо 16,9 метри мукааб партовҳо интиқол гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар баробари ин дар шаҳри Исфара бо истифода аз техникаи махсус партовҳои бесоҳиби атрофи партовгоҳи шаҳрӣ бартараф карда шуданд.
Амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Ҳангоми идомаи амалиёт дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам»-и шаҳри Конибодом аз дохили обанбор беш аз 1 километр тўрҳои лескагии ошкоргардидаи истеҳсоли Ҷумҳурии Чин бардошта шуда, тариқи сўзонидан несту нобуд карда шудаанд. Минбаъд низ назорати давлатӣ баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ роҳандозӣ гардида, корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир карда мешавад.
Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд ва дигар сохтору ташкилот ҳамкориро амалӣ намуда истодааст. Баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тренинги дурўза барои намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва вобаста ба табиатшиносӣ гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки бо мақсади омўзонидани маълумоти нав ва равандҳои инноватсионӣ дар таҳияи лоиҳаҳо, ки ба рушди минбаъдаи ҷаҳонбинӣ нигаронида шудааст, як қатор коршиносон ва экспертҳои даъватгардида баромаду презентатсия пешкаш карда, бо иштирокдорон «мастер - класс» баргузор намуданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба омӯзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр оид ба «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология», дар баробари ин дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ», «Муаммоҳои партовҳои пластикӣ ва роҳҳои кам намудани онҳо» ва дигар мавзўъҳои муҳим презентатсия, баромад ва маълумот пешниҳод гардид.