Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи сеюми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи сеюм ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акбаров Саидимон, сардори Сарраёсат Ҳакимзода Абдуаҳад, сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи сеюми соли 2022 шунида шуд. Рафти ҷаласа сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.

Забон ҳастии миллат

Ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор  гирифтааст.  Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Исматҷонов Бахтиёр ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад пас аз суханони табрикӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ  беназир арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.

Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар Искандаркӯл ва Ҳафткӯл

  Бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан  ба вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеҳои Искандаркули ноҳияи Айнӣ ва Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент аксияи "Тозагии соҳил" ва "Тозагии маҳал" гузаронида шуд. Дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, сокинони ҷамоатҳо фаъолона иштирок намуда, соҳили кӯл аз партовҳои гуногун пурра тоза карда шуд. Чорабинии мазкур баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амалӣ гардида, барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин мавзеъ мусоидат менамояд.

4 октябр – Рӯзи ҳифзи ҳайвонот

Ҳар сол 4 октябр  ҳамчун  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот  ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба  ҳифз, нигаҳдорӣ , наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо  маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад. Дар ҳудуди кишвар 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвони нодир, чун гӯсфанди Марко Поло, оҳуи хушзоти бухорӣ, ғизол зиндагӣ мекунад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.