Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯминзода А.М ва раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баходур бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид. Сохтмони бино дар муддати як сол ба анҷом расонида шуда, майдони умумии ҷудо гардида 688 метри мураббаъро ташкил медихад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқҳои корӣ ҷойгир карда шуданд. Маҷлисгоҳ 20 ҷойи нишаст дошта, дар китобхона 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 3 адад утоқҳои корӣ барои кормандон ҷойгир буда, ҳамаи онҳо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин, пеш аз даромади бинои бахш саҳни ҳавлӣ кабудизору гулзор карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Нисо» ба иҷро расонида шудааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол
Дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ш.Истиқлол дар кӯчаи марказӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлос-кунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ
Фарорасии ҷашни бузурги миллат 31-умин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо ҳамватанон ва дўстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси хушнудист, ки имсол халқи тоҷик ин ҷашни фархундаро дар арафаи 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд.
Рўзи Дониш дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рўзи Дониш сардори Сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок дошт. Пас аз суханони ифтитоҳӣ сараввал Паёми табрикии Раиси вилоят ба кулли омўзгорону донишҷуён қироат карда шуда, қайд гардид, ки имсол Рўзи дониш дар арафаи 30 солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли оянда ва рушди маориф бениҳоят арзанда аст. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат эълон гаштани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурўғи маърифат” ва “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” баҳри вусъати фаъолияти наврасон мусоидат менамояд.