Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатии дар пешистода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории кормандони БДА-и шаҳр дар кӯчаи Сирдарё амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид. Гузориш оид ба рафти амалиёт тариқи телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони БДА-и шаҳр дар хиёбони Рӯдакӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар беҳбудии муҳити зист
Дар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ бениҳоят назаррас аст. Бо ин мақсад бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи марказии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт 15 адад қуттӣ барои партофтани партов гузошта шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ашт ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии Маркази имконият ва рушд роҳандозӣ гардида, барои беҳбудии ҳолати экологӣ мусоидат менамояд.
Татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тўқай ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик»
Дар толори тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом вохўрии гурўҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муайян намудани мақоми ҷангалзори тўқай бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, мудир ва сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр, раис ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва намояндаи васоити ахбори омма баргузор гардид. Вохўрии мазкур барои пешниҳод намудани таклифҳо, ки ҳангоми таҳияи «Нақшаи рушди ҷангалзори тўқай дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» ба инобат гирифта мешаванд, бахшида шуд. Тибқи барнома дар рафти вохўрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар бораи мақсади таъсиси гурўҳи корӣ, раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Конибодом шиносоӣ бо ҳолати имрўзаи ҷангалзори тўқай ва фаъолияти худи ҷамъият, дар бораи лоиҳаи татбиқ гардидаистода раиси ТҶ «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби коршинос ва мутахассис – эколог оид ба ҳолати минтақа, нақши он дар вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолии минтақа, муҳимияти нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва муаммоҳои ҷойдошта баромаду презентатсия пешниҳод гардид.