Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба муносибати 50-ум солгарди Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар аксия намояндагони ташкилоту идораҳо, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи умумӣ, шаҳрвандон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот, дар маҷмуъ беш аз 10,5 ҳазор нафар иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур 41,6 километр соҳили манбаҳои обӣ аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, ба партовгоҳои шаҳру ноҳияҳо 64,3 метри мукааб партовҳо интиқол дода шудааст.
Амалиёти назоратӣ ҷиҳати пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера
Дар асоси нақшаи пешбинигардида, дар кӯчаи марказии ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёти мазкур 30 адад нақлиёти тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати 4 адад ронандагон барои аз меъёр зиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт ва вайрон кардани стандартҳои амалкунанда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаст.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, намояндагони хоҷагии манзиливу коммуналӣ, раисони ҷамоатҳо ва бахши маориф иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом табрикоти раиси ноҳияро ба ҳозирин расонида, ба кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, ба роҳбарони муассисаву ташкилотҳое, ки дар беҳдошти муҳити зисти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаву туҳфаҳо тақдим намуд.
Тарғиби маърифати экологӣ асоси фаъолият
Дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист нишаст баргузор гардид. Азиз Дўстматов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки ҳамасола дар қаламрави олам санаи 5-уми июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Воқеан ҳам вазъи муҳити зист дар сайёра дигаргун мегардад ва мо, сокинони сайёраро зарур меояд, ки баҳри ҳифз ва ҳимояи неъматҳои табиат талош варзем. Эълом гардидани Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист маҳз ҳамин маъниро дорад ва барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо вобаста ба муаммоҳои экологӣ тадбири асосӣ ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Инсон бо табиат робитаи зич дорад ва онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебарад. Сипас барои саҳмгузорӣ дар ҳамкории мутақобилан судманд сармуҳаррири рўзномаи “Тирози ҷаҳон” Муҳайё Воситзода, сардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод, наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Зокирҷон Холов ва роҳбарони литсейҳои политехникӣ, сохтмонӣ, касбӣ-хизматӣ, техникии шаҳри Хуҷанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи ҳифзи муҳити зист қадршиносӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар оянда низ барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳр, тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, маърифати экологӣ ва тарзи ҳаёти тозаву солим дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд корҳо тақвият бахшида мешавад.