Амалиёти назоратӣ дар минтақаи пойгоҳи обкашии “Маҳрам 1”-и шаҳри Конибодом

  Аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист якҷоя бо корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии шабонарӯзӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, дар наздикии минтақаи пойгоҳи обкашии “Маҳрам 1”, ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳриКонибодом ҳолати сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ошкор гардидаст. Ду нафар шаҳрвандон - Мавлонов Сарват ва Акрамов Дилшод, ҳангоми баромадан аз обанбор боздошт гардиданд, ки дар қаиқи резинии онҳо 67 сар моҳии навсайдшуда, аз он ҷумла суфмоҳӣ – 20, нуқрамоҳӣ – 34 ва зағорамоҳӣ - 13 сар муайян карда шуд. Барои сайд намудани моҳӣ санад тартиб дода шуда, мавод бо хулосаи ихтиологӣ барои андешидани чораҳо ба мақомоти прокуратураи вилоят супорида мешавад.

Амалиёти “Ҳавои тоза” яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво

  Ҳар моҳ, мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи вилоят чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар кўчаи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар рафти амалиёти мазкур, ҳамагӣ 25 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида, нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Мизи мудаввар дар доираи амалисозии Барномаи давлатии соҳавӣ ва Конвесияи Орхус дар вилояти Суғд

  Дар утоқи «Озмоишгоҳи инноватсионӣ»-и Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Конвесияи Орхус дар вилоят мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур барои минбаъд муайян намудани нақшаи ҳамкорӣ ва такон бахшидани раванди иҷрои Барнома дар соҳаи маориф бахшида шуда, дар рафти кори он роҳбарони маҳфилҳо, мудирони шуъбаи табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зисти Марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Ашт иштирок намуданд. Мувофиқи барномаи мизи мудаввар аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, роҳбар ва ёвари Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар бораи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», фаъолияти Маркази Орхус ва Конвесияи Орхус, ҳамчунин лоиҳаи раҳнамо барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «Дастур оид ба таълими иловагии экологӣ», фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилоят, шиори 5 июн – Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар соли 2022 ва дигар маълумот дар бораи муаммоҳои экологии замони муосир баромаду презентатсияҳо пешкаши иштирокдорон гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷиши 26 адад нақлиёти тамғаашон гуногун барои вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва барзиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбати 3 нафар ронандаҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА-и шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.