Баҳри иҷроиши нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва иттилооту ахбороти Сарраёсат ва нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар кӯчаи марказӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом
Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуьбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсат дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мутахассисони шуъбаҳои сарраёсат ва зерсохторҳо, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда истодааст. Чунин амалиёт дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, шоҳроҳи Хуҷанд - Меҳробод гузаронида шуд, ки дар натиҷаи санҷиши аналитикӣ миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар 38 адад нақлиёти тамғаашон гуногун муайян гардид. Барои вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва барзиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбати 4 нафар ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и ноҳия ирсол гардид.
Озмун – викторинаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров
Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ давоми соли ҷорӣ баргузории як қатор чорабиниҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II», ки аз тарафи Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда мешавад, дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров КВН - викторинаи экологӣ гузаронида шуд. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол бо иштироки муҳассилини 6 адад мактабҳои шаҳр озмун - викторинаи мазкур баҳри амалигардонии нашаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ҳифзи Замин роҳандозӣ гардида, 6 дастаҳои мактабӣ аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурӯҳи дастгирӣ» ва «Викторина» қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи «Оби соф» аз МТМУ №4 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Экологони ҷавон» аз МТМУ №6 ҷойи 2-юм ва дастаи «Зелёный патруль» аз МТМУ №1 ҷойи 3-юм гардида, соҳиби ҷоми озмун шуданд. Ба боқимонда дастаҳои мактабӣ барои иштироки фаъол сипосномаю тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Чунин озмун – викторина дар толори МТМУ №11 ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар озмун чор даста аз мактабҳои ҷамоат қувваозмоӣ намуда, ҷамъбаст муайян кард, ки дастаи «Экопатруль» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Муҳофизони табиат» аз МТМУ №11 ҷойи 2-юм ва дастаи «Замин» аз МТМУ №69 ҷойи 3-юм ва соҳиби ҷоми озмун гардиданд. Ғайр аз ин, ба дастаҳои ғолибони озмунҳои мазкур аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ҳамчун раиси ҳакамон Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.