Озмун – викторинаи экологӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров

  Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ давоми соли ҷорӣ баргузории як қатор чорабиниҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II», ки аз тарафи Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе дастгирӣ карда мешавад, дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Б.Ғафуров КВН - викторинаи экологӣ гузаронида шуд. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол бо иштироки муҳассилини 6 адад мактабҳои шаҳр озмун - викторинаи мазкур баҳри амалигардонии нашаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ҳифзи Замин роҳандозӣ гардида, 6 дастаҳои мактабӣ  аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурӯҳи дастгирӣ» ва «Викторина» қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа дастаи  «Оби соф» аз МТМУ №4 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Экологони ҷавон» аз МТМУ №6 ҷойи 2-юм ва дастаи  «Зелёный патруль» аз МТМУ №1 ҷойи 3-юм гардида, соҳиби ҷоми озмун шуданд. Ба боқимонда дастаҳои мактабӣ барои иштироки фаъол сипосномаю тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Чунин озмун – викторина дар толори МТМУ №11 ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар озмун чор даста аз мактабҳои ҷамоат қувваозмоӣ намуда, ҷамъбаст муайян кард, ки дастаи «Экопатруль» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Муҳофизони табиат» аз МТМУ №11 ҷойи 2-юм ва дастаи «Замин» аз МТМУ №69 ҷойи 3-юм ва соҳиби ҷоми озмун гардиданд. Ғайр аз ин, ба дастаҳои ғолибони озмунҳои мазкур аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ҳамчун раиси ҳакамон Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ

  Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард. Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад. Дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемӣ хеле зиёданд. Наздик 320 намуди растаниҳои гулдор (13% миқдори умумии наботот) танҳо дар вилояти Суғд ба назар мерасанд ва мавзеи паҳншавии онҳо аз ҳудуди вилоят намебароянд. Зиёда аз ин, дар вилояти Суғд олами гуногуни ҳайвонот макон гирифтааст, ки дар байни онҳо намудҳои нодир ва камёб ба монанди моҳии белбинии Сирдарё аз қабили моҳиҳо, геккончаи зиреҳпӯш ва калтакалоси алои фарғонагӣ аз синфи хазандаҳо, лаклаки сафед ва тазарви Сирдарёӣ аз синфи паррандаҳо, шомгардаки зардранг ва суғури Мензбир аз синфи ширхӯрон ва ғайраҳо сукунат доранд, ки аз гуногунрангии боигарии вилоятамон шаҳодат медиҳад.

Мизи мудаввар дар доираи амалисозии Барномаи давлатии соҳавӣ дар шаҳри Истиқлол

  Дар толори муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 шаҳри Истиқлол баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинии мазкур барои минбаъд таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Истиқлол бахшида шуда, дар рафти кори он тибқи даъват намояндагони асосан соҳаи маориф, аз он ҷумла шуъба ва дирек-торони мактаб, омўзгорони фанни экология, биология, забони давлатӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии вобаста ба таъминоти шаҳрвандон бо оби нӯшокӣ иштирок намуданд.  Мувофиқи барномаи мизи мудаввар ба иштирокдорон аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи «Патрули сабз», ҳамчунин дар мавзӯи «Истиқлол: дирўз, имрўз ва фардо – муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷиҳати экологӣ» баромаду призентатсияҳо пешкаш гардид.

Иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Дави миллӣ

  Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Дави миллӣ» ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, санаи 15 майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд Дави миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят низ фаъолона иштирок намуда, як қатори онҳо бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардиданд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки Дави миллӣ аз назди КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.