Баргузории сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» дар бахши «Экология»

  Бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти маориф ва иттилоот ҳамкории судманд бо Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд амалӣ карда мешавад. Дар соли равон низ бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд. Санаи 4 май дар бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ сессияи вилоятии «Академияи хурди илмҳо» аз рӯи 10 бахш, аз он ҷумла бахши «Экология» гузаронида шуд, ки ба ҳайси довар дар бахши мазкур намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд даъват гардид. Аз маҷмуи иштирокдорони сессияи вилоятӣ 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар бахши «Экология» иштирок намуда, корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯхта ва баҳогузорӣ гардид. Аз ҷониби намояндаи сарраёсат камбудии иштирокчиён ислоҳ ва нисбати мавзӯҳои интихобгардида, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа ғолибон соҳиби диплом ва роҳхат ба чунин сессияи ҷумҳуриявӣ гардида, боқимонда хонандагон барои иштироки фаъол бо сипоснома қадршиносӣ карда шуданд. Ҳадафи роҳандозии иқдоми мазкур ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ ва хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бахшида ба эълон гардидани 50-солагии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин барои баланд бардоштани донишҳои экологӣ, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, рушди қобилияти эҷодӣ ва малакаи ихтироъкории хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ саҳми арзанда дорад.

Мизи мудаввар дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Дар толори бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мизи мудаввар баргузор гардид. Мизи мудаввар барои таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, дар рафти кори он тибқи даъват намояндагони маъмурияти ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва васоити ахбори омма иштирок намудаанд. Мувофиқи барномаи мизи мудаввар ба иштирокдорон аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, коршинос - эколог ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи Барномаи давлатӣ, фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи «Патрули сабз», мониторинги муҳити зист, нақшаи корҳои минбаъда баромаду презентатсияҳо пешкаш гардида, дар навбати худ аз тарафи намояндагони Маркази саломатӣ ва хоҷагии коммуналӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ, ҳамчунин масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи нўшокӣ маълумот пешниҳод карда шуд. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» татбиқ гардида истодааст.

Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Айни замон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ин ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъба ва зерсохторҳои сарраёсат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ доир гардида истодааст. Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат давоми ду шабонарӯз амалиёт гузаронида натиҷаҳои муайян ба даст оварданд. Амалиёти аввал дар минтақаи Қатағани обанбори Баҳри Тоҷик баргузор гардида, санад тартиб дода шудааст ва 300 метр тӯри бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд. Амалиёти дигар дар минтақаи Ҷаҳонзеби обанбори Баҳри Тоҷик гузаронида шудааст. Дар натиҷа, барои сайди ғайриқонунии моҳӣ ду нафар сокинони деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Юлдошев Х. ва Эргашев Ф. боздошт гардиданд. Нисбати 15 сар нуқрамоҳии ғайриқонунӣ сайдгардида маводи зарурӣ дар ҷояш тартиб ёфта, зарари ба табиат расонидашуда 960 сомонӣ муайян шудааст. Ҳамчунин қаиқи резинӣ муваққатан мусодира гардида, ҷиҳати чораандешӣ мавод ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд.

Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳриИстаравшан амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар ҳудуди бозори марказии шаҳр дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои ташвиқотиву тарғи-ботӣ гузаронида, лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Ҳамчунин тариқи баландгуяки идораи бозор фармоишҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ қироат карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.