Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълу-мотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона ба миқдори 2 м3 тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара якҷоя бо Гӯшаи Амрикоӣ чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дарси кушод дар МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷ.Расулов
Санаи 23 апрели соли равон аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникӣ дарси кушод бахшида ба санаи экологӣ - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин гузаронида шуд. Ба хонандагони Литсей доир ба таърихи пайдоиши ин ҷашн, моҳияти истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани донишҳои экологӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» сӯҳбат гузаронида шуд. Рафти суҳбат хонандагон ва омӯзгорон ба суолҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Амалиётҳои фаврии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар давраи тухмгузорӣ
Дар давраи тухмгузории моҳӣ дар обанбор ва дарёҳои вилояти Суғд мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодаанд. Ҳафтаи охир аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти мазкур се маротиба амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ дар минтақаҳои дарёи Сир доир гардида, дар маҷмӯъ 1 адад санад ва 1 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамзамон, 650 метр тӯри ғайриқонунӣ ба дарё партофташудаи бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд гардидааст. Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ минбаъд то ба охир расидани мавсими тухмгузории моҳӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.