Амалиётҳои фаврии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар давраи тухмгузорӣ

  Дар давраи тухмгузории моҳӣ дар обанбор ва дарёҳои вилояти Суғд мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодаанд. Ҳафтаи охир аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти мазкур се маротиба амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ дар минтақаҳои дарёи Сир доир гардида, дар маҷмӯъ 1 адад санад ва 1 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.  Ҳамзамон, 650 метр тӯри ғайриқонунӣ ба дарё партофташудаи бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд гардидааст. Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ минбаъд то ба охир расидани мавсими тухмгузории моҳӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар Литсейи касбӣ политехникии ш.Хуҷанд

  Дар асоси барқияи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин, дар асоси нақшаи корӣ дар Литсейи касбӣ политехникии ш.Хуҷанд вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Хуҷанд, омӯзгорону донишҷӯёни Литсей иштирок доштанд. Баромадкунан-дагон доир ба муаммоҳо, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои замин дар замони муосир, ташаккули мавқеи фаъоли донишҷуён дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, роҳҳои татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 суханронӣ намуданд.

Семинар - машварат дар Маркази бозомӯзии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш. Панҷакент

  Бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Панҷакент  дар Маркази бозомӯзӣ бо иштироки  хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 15 бахшида ба Рӯзи дониши экологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии Замин семинар машварат доир гардид. Дар кори семинар мутахассисони шуъба дар бораи таърих ва ҳадафи таҷлили рӯзи донишҳои экологӣ ва Рӯзи байналмилалии замин, истифодаи оқилонаи замин, сабабҳои тағйирёбии иқлим ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои  “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» баромад намуданд.Рафти чорабинӣ  тариқи телевизиони Ҷаҳоннамо инъикос карда шуд.

Соати экологӣ дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар ш.Гулистон

  Баҳри таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва барқияи Сарраё-сати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон соати экологӣ бо хонандагони Муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 гузаронида шуд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зист дар ш.Гулистон ба хонандагон доир ба мақсади асосии таҷлили Рӯзи Замин, саҳми хонандагон дар аксияҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо баромад намуд. Омӯзгори фанни экологияи муассиса баргузории чунин соати омӯзиширо саривақтӣ арзёбӣ намуда, хонандагон низ ба саволҳои худ оид ба муаммоҳои ҷойдоштаи экологӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.