Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ

  Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба  ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат  самимона табрику таҳният  мегӯям. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ менамуданд.  Хушбахтона пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби  ҳамватанонамон  дастгирии  ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст».

Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об – 22 март дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд

  Дар асоси барқияи Сарраёсат ва иҷрои  нақшаи корӣ, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028  бо иштироки  корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ш.Хуҷанд  вохӯрӣ - семинар гузаронида шуд. Аз ҷониби корманди шуъба ва омӯзгорони коллеҷ оид ба мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромадҳо карда шуд. Баргузории чунин вохӯриву семинарҳо, тарғиби санаҳои экологӣ  барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об

  Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал санаи 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуда буд. Ҳадафи асосии ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани  захираҳои об  мебошад. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфта, сарсабзиву шукуфоӣ ва пайдоиши олам ба он марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободонӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои тамомнашавандаи он буда, ҳамасола қисми зиёди обҳои равони Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои сарбаафлоки кишвар ҳосил мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.  Ин пешниҳод давоми мантиқии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдом  карда шудааст ва бояд гуфт, ки барои боз ҳам баланд шудани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Амалӣ намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ

  Тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлати истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон оид ба амалї намудани пешниҳодҳои ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи дуюми соли 2021 аз ҷониби нозирони сарраёсат мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ёдовар мешавем, ки нақшаи чорабиниҳои мазкур 16 бандро дар бар гирифта, соли гузашта аз тарафи сарраёсат тасдиқ гардидааст ва ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори Раиси вилояти Суғд аз 23.08.2018, №365 «Дар бораи пешбурди масъалаҳои ҳифз, парвариши сунъӣ ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар вилояти Суғд» нигаронида шудааст. Ҳангоми санҷиши рафти иҷрои бандҳо як қатор камбудиҳо ошкор гардид, ки нисбати онҳо шахси масъули коргоҳ - нозири минтақавии ҶСК «Таъминоти моҳӣ» бо дастрасии моддаи 223-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва ҷаримабандӣ ба амал омад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.