Ниҳолшинонӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон

  Новобаста аз давом ёфтани боришот, номусоид омадани обу ҳаво ҷиҳати гузаронидани аксияҳои экологӣ ва оммавӣ баргузор намудани маъракаи ободонию кабудизоркунӣ, рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Гулистон 300 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи ардач дар қадди роҳи минтақаи истироҳатии «Ташкентский» бо иштироки беш аз 60 нафар намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи муҳити зист, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрвандон шинонида шуд. Дар натиҷа қариб 1,5 км ду тарафи қадди роҳ обод гардид. Мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ тибқи нақшаҳои пешбинигардида корҳои ободонӣ ва ниҳолшинониро амалӣ менамояд.

Семинар – вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии об дар ноҳияи Айнӣ

  Яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҳам ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани  захираҳои об  мебошад. Бо ин мақсад ҳар сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла семинар, вохӯрӣ, аксияҳои экологӣ бо ҷалби хусусан ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор менамоянд. Ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ буд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №1 маркази ноҳия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об семинар – вохўрӣ бо иштироки хонандагон ва омўзгорон баргузор гардид.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

   Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи  ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қадди роҳи марказии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи кабудизоркунӣ  доир гардид. Он бо иштироки кормандони бахш ва аҳолии ҷамоати деҳот гузаронида шуда, дар роҳи марказӣ 200 бех ниҳоли дарахтони  сановбар  шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ  идома дорад.

Қадрдонӣ намудани бонувони КДФ ХМК -и шаҳри Панҷакент

  Бахшида ба Рӯзи модар бо иқдоми кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент 80 нафар занони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилии коммуналии шаҳр, ки шабонарӯз барои боз ҳам тозаву обод ва зебову дилрабо гаштани шаҳр заҳмат мекашанд, бо туҳфаҳо  қадрдонӣ карда шуданд. Мудири бахш оид ба нақши бузурги  бонувону занон дар ҷомеаи демократӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, саҳми арзандаи онҳоро дар беҳдошти муҳити зист қайд намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.