Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

  Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ашт низ оғоз ёфта, дар ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт зиёда аз 250 бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ин маърака 300 нафар сокинон фаъолона иштирок намуда, баҳри иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳдошти муҳити зист дар дигар ҷамоату минтақаҳо шинонидани ниҳолу кабудизоркунӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ташвиқи Паёми Пешвои миллат дар муассисаи таълимии ш.Истиқлол

  Баҳри иҷрои барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар асоси нақша чорабинии бахш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 шаҳри Истиқлол омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии ҶТ қироат гардид,  ташкил ва гузаронида шуд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол ба хонандагон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз он ҷумла  дар бораи тағйирёбии иқлим, дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро  маънидод намуд.

Ташвиқи Паём дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асоси нақшаи корӣ дар Коллеҷи омӯзгории МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров вохӯрӣ гузаронида шуд.  Дар вохӯрӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд, муовини директори коллеҷ Азизов Н.Э.  ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок  доштанд. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист  оид ба  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, дастовардҳо ва заҳмату талошҳои Сарвари давлат ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, ҳамчунин   тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист  баромад намуд. Ҳамчунин баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон   таъкид карда шуд.

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солим гардонидани муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, иҷрои нақша чорабиниҳои тасдиқ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки аҳолии ҷамоати деҳот гузаронида шуда, дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт 250 бех дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Рафти маъракаи ниҳолшинонӣ аз тарафи телевизиони вилояти Суғд ба навор гирифта шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.