Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади шарҳи мазмуни Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 9 ҷамоати деҳоти Исмоил-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо омӯзгорон гузаронида шуд. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни вохӯрӣ оид ба нуктаҳои Паём, аз ҷумла масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим, дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани насли наврас  суханронӣ намуд. Ҳамчунин доир ба қабул гардидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», татбиқи нақша чорабиниҳои он, ки барои ҳидоят намудани мактаббачагон ба ҳифз ва дӯст доштани табиати кишварамон мусоидат менамояд, таъкид карда шуд.

Ташвиқи Паём дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара

  Дар асоси барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, баҳри иҷрои нақшаи корӣ дар Маркази ҷавонони шаҳри Исфара вохӯрӣ бо ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Рафти вохӯрӣ корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара доир ба масъалаҳои асосии Паёми имсола, аз он ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо вобаста ба экология, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон баромад намуд.

Омӯзиши Паём дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент

  Дар асоси нақша-чорабинии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, ҷиҳати тарғибу ташвиқи мӯҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ,  Муассисаҳои таълимии миёнаи умумии № 25 шаҳраки Суғдиён, № 86 деҳаи Новичомоқ, № 81-деҳаи Чорбоғ  вохӯрӣ бо донишҷӯён ва хонандагон гузаронида шуд. Зимни вохурӣ намояндаи бахш зикр намуд, ки дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба  он инъикос ёфт.  Инчунин доир ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва нақшаи чорабинии он   байни хонандагон ва донишҷӯён  маълумоти мушаххас  дода шуд.

Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии ноҳияи Ашт

  Бо мақсади ташвиқ ва омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи нақшаи корӣ дар Муассисаи таълимии литсейи № 2 ноҳияи Ашт вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни баромади худ доир ба нуктаҳои асосии Паёми имсола, бахусус ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудани Сарвари давлатро қайд намуд. Ҳамчунин бобати зарурияти тарбия ва маърифати экологии насли наврас, татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» зикр карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.