Чун анъана, хар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Ҷиҳати таҷлили Рўзи моҳидорон, тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи июли соли ҷорӣ дар ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндаи раёсат - мутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, моҳидорони ҷамъияти мазкур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он як қатор моҳидорони пешқадам қадрдонӣ карда шудаанд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво
Ҳар моҳ, мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент, даромади шаҳр баргузор гардид.
Насби лавҳаҳои огоҳӣ яке аз чораҳои пешгирикунанда мебошад
Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва ҳамзамон пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ масъалаҳои мубрами рўз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар бозори марказии ҷамоатишаҳраки Гули Сурхи шаҳр 4 адад лавҳаҳои огоҳӣ ҷиҳати ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои муқарраргардида насб карда шуд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид
Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Исфана - сойи ноҳияи ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур ғайр аз кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма, сокинони ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳия, ҳамагӣ зиёда аз 115 нафар иштирок доштанд.