Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, даромади шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ), ҳамагӣ 50 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия, вобаста аз ҷойи истиқомат ирсол гардид.
Насби овезаҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Ҷиҳати иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят овезаҳои таблиғотии экологӣ насб гардида истодааст. Чунин баннер аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод – кӯчаи Рӯдакӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи варзишгоҳ воқеъ дар маркази ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Рафти аксия 25 тонна партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиву аксияҳо дар миқёси ноҳия идома дорад.
Аксияи «Тозагии соҳил - 2021» дар соҳили Сирдарё
Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани вазъи экологии дарёҳо, санаи 3 июли соли равон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои он дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.