Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов озмуни ноҳиявии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳия ҷамъбаст карда шуд. Озмуни «Сабз бодо кишварам» дар асоси фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» бахшида шудааст.
10 май - Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир
Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир (WMBD) аз соли 1993 инҷониб бо дархости парандашиносони (орнитологҳои) ташхисгоҳи Корнеллии ИМА ҳар рӯзи шанбеи дуюм ва якшанбеи дуюми моҳи май таҷлил мегардад ва асосан дар он ҷо ҷашн гирифта мешавад. Аксарият давлатҳо дар як сол ду маротиба - шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн мегиранд. Ҳадафи ин сана - ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеа ба тағироти вазъи глобалии экологӣ мебошад, ки ба нобудшавии экосистемаи манзилҳои парандаҳо ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон мусоидат мекунанд. Инчунин, баргардонидани он шароити табиӣ мебошад, ки барои парандаҳои муҳоҷир ҷиҳати парвариши насл ва муҳоҷират шинос ва қулай мебошанд. Инчунин ба қадри имкон васеътар огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани саршумор ва парандаҳои муҳоҷир мебошад.
Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон - сокинони ноҳия Ҳошимбоев А. ва Элмуродов Д. бо моддаи 238 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.
Ҷамъбасти фаъолияти моҳонаи ситоди Раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ
Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар мавсими тухмигузории соли ҷорӣ идома доранд ва тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти ситоди раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ дар 15-рўзаи дуюм ва моҳи апрел ҷамъбаст гардид. Натиҷаҳои корбарии якмоҳа нишон доданд, ки баҳри иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист дар самти мазкур ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, №29 ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.