Амалиётҳои фаврӣ дар давраи тухмигузории моҳиҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Тибқи фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, № 29  ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» нозирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодааст. Нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов  ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар соҳили Сирдарё, ҷамоати Деҳмой, деҳаи Гулистон ва Заркор  зиёда аз 200 метр тӯри моҳидорӣ, олоти моҳидории чангак ва як қайиқи резинии бесоҳибро  мусодира намуда, моҳиҳои зинда ба об сард дода шуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

  Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар хиёбони Раҳмон Набиев соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 300 нафар - устодону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии шаҳр иштирок намуда, соҳили дарёи Сир аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона пурра тоза гардида, ба партовгоҳи шаҳр 4,5 м3 партов бароварда шуд. Боиси зикр аст, ки гузаронидани чунин аксияҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 20018-2028» мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст. Чорабинии мазкур дар телевизионҳои маҳаллӣ инъикос карда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ

   Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ноҳияи Айнӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби 430 нафар - аҳолии ҷамоатҳо, кормандони ташкилотҳо доир гардида, дар рафти он ҷӯйборҳо ба масофаи 3,1 км, соҳилҳои обӣ ва каналу заҳбурҳо 4,8 км, роҳравҳо ба масофаи 3,5 км тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 1,9 м3 партов бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиҳои оммавӣ дар миқёси ноҳия идома дорад.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар сойи Хоҷабоқирғони ҷамоати деҳоти Ёва-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки 1514 нафар аҳолии ҷамоат, кормандони ташкилотҳо, сокинон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии № 10 доир гардид. Дар рафти аксия ҷӯйборҳо 9,1 км, ҳудуд 44,6 ҳазор мураббаъ, қади роҳҳо 21,4 км тоза, 823 бех дарахтон сафед карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия ба миқдори 40,13 м3 партовҳо бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.