Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар мавсими тухмигузории соли ҷорӣ идома доранд ва тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти ситоди раёсат дар давраи манъи сайди моҳӣ дар 15-рўзаи дуюм ва моҳи апрел ҷамъбаст гардид. Натиҷаҳои корбарии якмоҳа нишон доданд, ки баҳри иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист дар самти мазкур ва фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, №29 ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони шуъбаи раёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Масчоҳ
Бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пеш истода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар шоҳроҳи Хуҷанд –Чаноқ амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани идҳои давлатии миллӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, дар микроноҳияи 28 то маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия 340 - нафар хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 10 ва 13 фаъолона иштирок намуда, кӯчаҳои қадди роҳҳо аз алафҳои хушкшуда тоза гардида, 4,2 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.Гузаронидани корҳои тозагиву ободонӣ дар дигар маҳаллаҳои маркази вилоят идома дорад.
Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021 аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуда истодааст. Давоми моҳ аз тарафи кормандони шуъба ба мағозаву қаҳвахонаҳои шаҳр 15 адад амрнома оиди ғайриқонунӣ хариду фурӯши моҳӣ дода шуда, 15 адад санаду протоколҳо тартиб дода шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар ҳудуди бозори «20 солагии Истиқлолият» барои хариду фурӯши ғайриқонунии моҳӣ нисбати Дадобоева М. ва Тураева Д. протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар байни фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.