Бо иқдоми мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист фаҳмонидан ва ҳадафи эълон гардидани санаҳои экологӣ аз тарафи СММ дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии об, таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 15-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо хонандагон доир гардид. Рафти вохӯрӣ ба мактаббачагон оид ба мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромад карда шуд.Баргузории чунин вохуриву сухбатхо, тарғиби санаҳои экологӣ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об, истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, иҷрои фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ин чорабинӣ асосан аҳолии ҷамоати деҳотҳо қариб 600 нафар иштирок дошта, ҷӯйборҳо, соҳили сой ба масофаи 2 км аз партовҳо тоза ва 12,6 метри мукааб партов бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Ҷиҳати иҷроиши фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 22 март - Рӯзи байналмилалии об -дар Томчисой, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби техника, аҳолии ҷамоати деҳот, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия бо иштироки 20 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сой ба масофаи 5 км аз партовҳои ҳархела тоза ва 14 метри мукааб партов бароварда шуд.
22-март –Рузи умумиҷаҳонии об
Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ бори аввал санаи 22 марти соли 1993 ҷашн гирифта шуда буд. Ҳадафи асосии ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад. Имсол мавзӯи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии обро «Қадри обро дониста…» пазируфтанд. Барҳақ, дар замони муосир, ки тараққиёти иқтисодӣ ва зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин талабот рӯз аз рӯз ба об меафзояд, ин мавзуъ саривақтӣ мебошад. Қимати об аз нархи он гаронтар мебошад. Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфта, сарсабзиву шукуфоӣ ва пайдоиши олам ба он марбут аст.