Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз 10.03.2021, №14, бахшида ба санаи 22 март - Рӯзи байналмилалии об ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар миқёси вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои экологӣ баргузор гардид. Дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби зерсохторҳои раёсат аксияи «Тозагии соҳил» ва семинару вохўриҳо, аз он ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳои бахшида ба ҳифзи захираҳои об гузаронида шуд. Мувофиқи маълумот дар рафти аксияи «Тозагии соҳил», ки дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста аз обуҳаво дар маҷмӯъ, беш аз 95,8 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, 43,8 км соҳили манбаҳои обӣ тоза гардид ва 52,5 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.
Аксияи “Дарахти ман” дар шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар ободӣ ва сабзу хуррамгардонии маҳалли зист, ташкилоти ҷамъиятии “Гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар даромади купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Гагарини шањри Хуҷанд аксияи шинондани ниҳолҳоро баргузор намуд. Дар он ихтиёриён, дӯстдорони табиат, экофаъолон, аз ҷумла ихтиёриёни бахши Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дигар сокинони шаҳр ва намояндагони ташкилоту идораҳои мухталиф, дар маљмуъ беш аз 130 нафар иштирок намуданд. Дар рафти аксия 300 бех ниҳолҳои ороишии ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Боиси зикр аст, ки аксияи мазкур тахти шиори “Дарахти ман” дар тамоми гӯшаву канори кишвар роҳандозӣ гардида истодааст.
Конференцияи илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии об дар ноҳияи Масчоҳ
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии об, дар доираи нақша чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Масчоҳ» конференцияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Олудашавии умумии об ва роҳҳои тозакунии он» баргузор гардид. Дар кори конференция устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, намояндагони КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ходимони илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ иштирок доштанд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон
Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо мақсади ободу зебо намудани маҳалли зист дар маркази ноҳия ва ҷамоату деҳотҳои ноҳияи Шаҳристон бо иштироки зиёда аз 1000 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия кӯчаҳо, қадди роҳҳо, маҳаллаҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 3,5 тн. метри мукааб партов бароварда шуд. Ҳамчунин дар қадди роҳҳо ва ҷамоату деҳот 500 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия то имрӯз ба миқдори умумии 2310 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишиву мевадиҳанда шинонида шудааст.