Санаи 10 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонзода Азизулло баргузор гардид. Зимни баромад намояндаи Раёсати агентӣ қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан дар соли таърихӣ 30 –умин солгарди Истиқлолияти Ватани азизамон пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики доимии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар идома ибрози андеша гардид, ки Пешвои муаззами миллат муқовимат ба коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар ин замина таъкид намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ дар ноҳияи Спитамен
Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи маъракаи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Зиёда аз 200 нафар намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» иштирок карда, дар натиҷа кўчаҳои маркази ноҳия ва 2 км ҷўйборҳои қадди роҳ тоза гардид ва 7 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Ҳамзамон, дар идомаи маъракаи кабудизоркунӣ 2 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз дар канори кўчаҳои ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия шинонида шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ»
Бо мақсади сазовор таҷлил гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалалӣ, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, ҷиҳати тозаву обод намудани маҳалли зист, кӯчаву роҳҳо дар шоҳроҳи Исфара – Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид. Иқдоми мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара роҳандозӣ гардида, ба он беш аз 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 6, 31 ва 32 ҷалб гардиданд. Рафти аксия қадди роҳҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуда, 10 м3 партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар шаҳри Гулистон
Дар доираи сафари кории Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ба вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ Раиси Кумита Шерализода Баҳодур, раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва дигар масъулин иштирок дошта, 28 адад ниҳолҳои сановбари кримӣ ва 200 адад сановбар шинонида шуд. Ба масъулин оид ба густариш додани корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ин макони навободи шаҳр дастурҳои мушаххас дода шуд.
Еще статьи...
- Шиносоии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ
- Идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд
- Гузаронидани мониторинги экологӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд дар моҳи феврали соли ҷорӣ
- Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ашт