Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзии навбатӣ дар болооби обанбори «Баҳри Тоҷик», минтақаи Қӯқуроқи ноҳияи Ашт ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон – қӯрӯқшиканоне, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғуланд ошкор намуданд. Лавозимотҳои дар он ҷо дарёфтгардида далели моҳидории ғайриқонунӣ буда, аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки дар давоми 1 - 2 моҳи зимистони соли ҷорӣ шахсони номаълум ин ҷойро сохтаанд. Аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар давоми 2 шабонарўз навбатдорӣ ташкил гардида, ин ҷойи пинҳонӣ зери назорати доимӣ қарор дода шуд, аммо ягон нафар қӯруқшикан ҳозир нашуд. Баъд аз навбатдорӣ, дар рўзи сеюм ҳамаи лавозимотҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ва ба он мусоидаткунанда, худи ҷойи пинҳонӣ несту нобуд карда шуд.
Шанбегии умумишаҳри дар шаҳри Истаравшан
Тибқи супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тоза намудани Каттасой дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, муҳасилини коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Шанбегӣ бо иштироки 1500 нафар ва ҷалби 2 адад техника гузаронида шуда, 20 тн.партов ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд. Ҳамчунин барои огоҳӣ намудани аҳолӣ огоҳинома ба микдори 2 ҳазор адад тақсим карда шуда, дар ин мавзеъ 10 адад овезаҳо насб карда шуд. Ҷараёни шанбегӣ тариқи телевизиони маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.
Тарғиби Паём дар муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент
Бо мақсади ташвиқи Паёминавбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист сараввал оиди нуктаҳои асосии дар Паём омада суханронӣ намуда, сипас ба хонандагон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, иштироки ҷавонон дар шанбегиҳо, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №3, 9 ва 17 шаҳри Конибодом
Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист тибқи нақшаи корӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботиро бо муассисаҳои таълимӣ зич ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад бо иқдоми кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Конибодом дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 3,9 ва 17 шаҳр вохӯрӣ бо мактаббачагон доир гардид. Кормандони бахш зимни вохӯрӣ самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти ҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида, оид ба баланд бардоштани тарбияи экологии насли наврас, муаммоҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи муҳити зист, ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳбудӣ ва ободии кишварамон ибрози ақида намуданд. Дар навбати худ хонандагон аз баргузории чунин сӯҳбату вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.