Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ баргузор гардид. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангал 1200 бех ниҳолони дарахти сӯзанбарг ва арча харидорӣ гардида, тариқи ҳашар дар қадди роҳ ва назди муассисаҳо шинонида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву мавсимии маҳаллӣ шинонида мешавад.
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара
Дар асоси нақшаи кории Раёсат, барои беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагон аз фасли зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеъи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ гузарониданд. Рафти чорабинӣ, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвонот ва паррандагон ба миқдори 950 кг дон ва гандум, 20 адад баста коҳ пошида шуд.
Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин дар қадди роҳи Душанбе-Чаноқ, минтақаи Деҳмой зиёда аз 2 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассосиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия тариқи ҳашар ташкил карда шуда, баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2018, №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» мусоидат менамояд.
Чорабиниҳои пешгирӣ, ташвиқи амалҳои зиддикоррупсионӣ
Санаи 10 феврали соли равон дар толори раёсат маҷлиси машваратии назди сардори раёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Тибқи нақшаи пешбинигардида, дар рафти маҷлиси машваратии мазкур ду масъала баррасӣ карда шуд. Бобати масъалаи якум намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамдамзода Давлат бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин ҷиҳати баррасии пешниҳоди раёсати Агентӣ баромад намуд. Баъд аз он, дар доираи масъалаи дуюм сардори раёсат дар асоси таҳлили фаъолияти якмоҳаи зерсохторҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва камбудиҳои ҷойдошта таъкид карда, барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолият дар семоҳаи якум вазифаҳои мушаххас гузошт.