Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллаҳои «Файзобод-1» ва «Файзобод-2»-и ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳия, дар маҷмуъ 70 нафар фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати тоза намудани соҳили сой аз партовҳои истеъмолию пластикӣ ва алафҳои хушк кор кардаанд. Дар натиҷа 1,3 километр ҳудуди сой тоза гардида, 3 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич якҷоя бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳия баргузории чунин аксияҳои экологиро мунтазам идома медиҳад, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Шанбегӣ дар шаҳри Истаравшан
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 феврали соли равон дар миқёси шаҳр ҷиҳати тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар он ҷомеаи меҳнатии корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ, наздик 2431 нафар иштирок доштанд. Ҷараёни шанбегӣ ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 2,2 км ва кӯчаҳои протоколии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол, ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву ташкилотҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Дар маҷмуъ зиёда аз 10 тн партовҳо тариқи техникаи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити зист
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод намудани муҳити зист бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 дар ҳудуди муассиса ва қадди роҳ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия ҳашарчиён дохили мактаб ва роҳҳоро аз ҳама гуна партовҳо тоза намуданд. Дар дигар муассисаҳои таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ чунин аксияҳо мунтазам гузаронида мешавад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ш.Панҷакент
Тибқи фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Панҷакент низ аксияҳои экологӣ мунтазам идома доранд. Шанбеи гузашта дар хиёбони Рӯдакии маркази шаҳр бо иштироки васеи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ аксияи «Тозагии маҳал» доир гардида, қадди роҳҳо аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд.Қайд кардан бамаврид аст, ки дар тозаву обод намудани маҳалли зист саҳми донишҷуён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ назаррас буда, барои беҳтар намудани тарбияи экологӣ мусоидат менамояд.