Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади татбиқи назорати давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин тибқи нақшаи корӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Бобати назорати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2018, №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» нақшаи чорабиниҳои ҳамҷояи бахши ҳифзи муҳити зист ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Зафаробод амалӣ гардида, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин 20,4 км заҳбуру заҳкаш тоза карда шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Масчоҳ
Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Масчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 450 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои ин маърака 200 бех ниҳоли ардачро харидорӣ намуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар ноҳия беш аз 283 ҳазор бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад.
Чорабиниҳо дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд
Аз соли 2018 инҷониб бо корбарии мунтазами Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар се намуди моҳӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Дар ҷараёни боздиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба хотири амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъҳои “амури сафед”, “пешонипаҳн ” ва “зағорамоҳӣ” сар дода шуданд. Ҳамзамон бо мақсади афзоиш ёфтани мурғи даштии тазарв дар табиат аз ҷониби Сарвари давлат 200 тазарви сирдарёӣ дар Боғи мазкур сар дода шуд.
Иди Сада дар шаҳри Конибодом
Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Иди миллии Сада дар шаҳри Конибодом низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса бо ҷалби тамоми табақаҳои аҳолӣ ҷашн гирифта шуд. Чорабинӣ дар назди варзишгоҳи «Ҷавонӣ» баргузор гардида, дар он маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, гулу парандаҳо, ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда, техникаи кишоварзӣ ,таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом 20 намуди ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳо пешкаши аҳолӣ гардид.