Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бўстон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ба номи В.Я.Опланчук бахшида ба санаи 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳҳо вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Дар рафти вохўрӣ ба иштирокдорон маълумоти васеъ дар бораи ин санаи муҳими экологӣ пешниҳод гардид. Вохўрии мазкур бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии хонандагони мактаб роҳандозӣ карда шуд.
Вохӯрӣ бо донишчўён бахшида ба санаи экологӣ
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон диёри кӯҳсор мебошад ва 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳо иборатанд. Бинобар он, басо рамзист, ки ба санаи 11 декабр - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо аҳамияти хоса дода мешавад. Бахшида ба ин санаи экологӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара бо мақсади рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо донишчўён вохӯрӣ баргузор намуданд. Мутахассисони бахш дар бораи ҳамасола ҷашн гирифтани санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор аз ҷониби табиатдӯстони олам маълумот пешниҳод кардаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки қариб 15 фоизи аҳолии кураи замин дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд ва СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.
Санаи экологӣ. 11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои чадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати куҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Вохӯрӣ бо хонандагони Литсейи касбӣ техникӣ
Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан бо мақсади баланд рушди тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ техникии шаҳри Истаравшан» бо хонандагон вохӯрӣ гузарониданд. Мутахассисони бахш дар бораи санаи экологӣ - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо ва ҳадафи эълон гардидани он, ҳамчунин маълумот вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз он чумла самти истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, муомилот бо партовҳои истеъмолӣ ва чорабиниҳои экологӣ баромад намуданд.