Вохӯрии судманд бо намояндагони коргоҳи шаҳри Панҷакент

   Бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва дар асоси моддаи 19, 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент вохўрии  намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони коргоҳи мазкур баргузор гардид. Бо иштироки шахсони масъул корҳои фаҳмонидадиҳӣ, аз он ҷумла оид ба сари вақт пардохт намудани пардохтҳои ҳатмии экологӣ гузаронида шуд. Чунин вохўриҳо, хусусан дар корхонаҳои саноатӣ барои баланд бардоштани маърифати экологии масъулини корхонаҳо ва умуман коргарон мусоидат менамояд.

Вохӯрӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии кўҳҳо

  Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, бахшида ба санаи муҳим 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Мутахассиси шуъба дар бораи санаи экологӣ - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо, ҳадафи эълон гардидани ин сана аз тарафи СММ, ҳамчунин вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ баромад намуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент

  Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маъракаи ниҳолшинонӣ аз мавзеи Саразми шаҳр оғоз гардид. Дар маъракаи кабудизоркунӣ роҳбарият ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони ҷамоати деҳоти Саразм ва Чинор, ҳамагӣ беш аз 200 нафар иштирок карда, дар натиҷа 600 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Боиси қайд аст, ки амалҳои ободонию кабудизоркунӣ аз сарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, мавзеи Саразм, то ноҳияи Айнӣ, мавзеи Киштўдак, қадди шоҳроҳи байналмилалӣ идома меёбад. Ҳамчунин, дар дигар минтақаҳои шаҳр баргузории чорабиниҳои мазкур то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистон пешбинӣ гардидааст.

Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Истаравшан

  Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади гузаронидани корҳои ободоню кабудизоркунии дар иншоотҳои ҷашнӣ, дар шаҳри Истаравшан бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист шанбегӣ ташкил ва баргузор гардид. Шахсан аз ҷониби кормандони бахш, талабагон ва сокинони кўчаи Истаравшани шаҳр, дар маҷмӯъ беш аз 100 нафар, дар назди бинои нави «Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан» корҳои тоза намудани атроф аз партовҳо ва шинонидани ниҳол амалӣ гардид. Дар натиҷа 6 метри мукааб партовҳо бароварда, 70 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.