Дар қаламрави ноҳияи Б.Ғафуров дар доираи шанбегӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ, ҳамагӣ 2,8 ҳазор нафар иштирок намуда, корҳои тоза кардани ҳудуд, баровардани партов, тоза кардани қадди роҳ ва ҷўйборҳо ба иҷро расонида шуд. Инчунин, ҳамин рўз маъракаи ниҳолшинонӣ амалӣ гардид, ки дар ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳия бо иштироки 800 нафар кормандони корхонаю ташкилот ва аҳолӣ 3 ҳазор бех сафедор, 750 бех дарахтҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд. Боиси қайд аст, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Б.Ғафуров бо тариқи ҳашар гузаронида шуд, ки мувофиқи ноҳия дар як рўз шинонидани ниҳолҳои дарахтони намудаш гуногун ҳамагӣ 4,4 ҳазор бехро ташкил намуд.
Аксияҳои экологӣ дар шаҳри Исфара
Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, безарагардонии кучаву маҳалла, деҳа, ҷамоати шаҳраку деҳот аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” баргузор намуд. Дар рафти чорабинии мазкур оммаи васеъи мардум, инчунин кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, ҳамагӣ 5,6 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар миқёси шаҳри Исфара як қатор корҳо, аз ҷумла рубучини майдон - 2,9 ҳазор метри мураббаъ, 4,1 ҳазор метри мураббаъ рангубори девор ва бино, шинонидани гулҳои ороишӣ - 500 бех, побел кардани замин – 6,4 ҳазор метри мураббаъ, тоза кардани соҳили каналҳо ва дарёи Исфара аз партовҳо – 6,8 км ва зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ дар саҳни бинои МТМУ №68 ва кўчаи Саёидони шаҳр 50 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд.
Аксияи “Тозагии соҳил”
Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо иштироки омўзгорону донишҷўёни МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, муассисаҳои литсейи касби политехникӣ, литсейи касбии техникӣ ва коледҷи тибби шаҳри Хуҷанд санаи 5 декабри соли ҷорӣ дар соҳили дарёи Сир аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ 450 нафар иштирок намуда, 2,0 км соҳили дарёи Сирро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд. Дар натиља 5,5 м3 партовҳо бо воситаи 3 адад техникаҳои махсус бароварда, ба партовгоҳи шаҳри ҷойгиронида шуд.
Вохӯрӣ бо хонандагон дар шаҳри Панҷакент
Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф", баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Панҷакент вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент доир ба ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ, саҳми хонандагон дар беҳдошти муҳити атроф баромад карданд. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи хонандагон музокира сурат гирифт.