Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и деҳаи Даҳана, ҷамоати Шайдон вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Мутахассисони бахш дар бораи санаи экологӣ -рӯзи байналмилалии кӯҳсор, ҳадафи эълон гардидани ин сана аз тарафи СММ, ҳамчунин вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об, муомилот бо партовҳо, иштироки фаъолонаи хонандагон дар аксияҳои экологӣ баромад намуданд.
Ёрии методӣ дар самти ситонидани пардохтҳои экологӣ
Бо мақсади расонидани ёрии методӣ дар самти ситонидани пардохтҳои ҳатмии экологӣ бо табиат истифодабарандагон мунтазам корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо ба табиатистифодабарандагон моҳияти моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 46-49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ бабуҷет» фаҳмонида дода шуд. Чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо табиат истифода барандагон аз ҷониби кормандони бахшҳои хифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят низ гузаронида шуда истодааст.
Оғози мавсими дарахтшинонӣ дар шаҳри Гулистон
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Дар он кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот фаъолона иштирок намуда, тариқи ҳашар дар кӯчаи марказии шаҳр қариб 1000 бех дарахтони ҳамешасабзи санавбар, ардач ва дарахтони бисёрсола шинониданд. Ин мавсим тибқи нақша дар минтақаҳои дигари шаҳр шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, гулҳои мавсимиву бисёрсола дар назар аст.
Оғози мавсими дарахтшинонӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ бо саҳми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳудуди шаҳраки Меҳробод зиёда аз 50 адад сарви аризонӣ шинонида шуд. Тибқи нақша аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар дигар минтақаҳои ноҳия шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар назар аст.