Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом

  Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар самти ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ тибқи нақшаи корӣ мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи нозирони Раёсат ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар шаҳри Конибодом ҳодисаи сайди ғайриқонунии моҳӣ аз тарафи сокинони ш.Конибодом Ҷӯраев С., Собиров Г. ва буридани се адад дарахти бед дар ҷамоати деҳоти Маҳрам аз тарафи сокини ҷамоат Негматов Д. ошкор гардид. Нисбати қонуншиканон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом фиристода шуд.

Амалиёти фаврӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

   Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, иҷрои нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик, дар минтақаи истироҳатгоҳи "Ташкентский" сокини ноҳияи Б.Ғафуров -  Ашуров М. ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ бо воситаи қаиқи оҳанин ва муҳаррикаш боздошт гардид. Қаиқ ва моҳиҳои сайдшуда мусодира гардида, нисбати қонуншикан маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои андешидани чораҳо ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фиристода шуд.

Хазонсӯзӣ ва зарари он

 Сӯзонидани хазонҳо, аз ҷумла барги дарахтон ва алафҳои хушкшуда ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Илми муосир исбот намудааст, ки партовҳои дар натиҷаи сўзонидани хазонҳо бавуҷудомада дар таркибаш моддаҳои сахттаъсири зиёновар дошта, ба саломатии инсон ва дигар мавҷудоти зинда зарари ҷуброннопазир дорад. Мусаллам аст, ки имрўзҳо фасли хазонрез буда, дар ҳамаи минтақаҳои аҳолинишин аз тарафи мақомоти марбута ҳамарӯза ҳаҷми муайяни хазонҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби аҳолӣ бо мақсади тоза намудани қитъаҳои наздиҳавлигӣ хазонҳо ва баргу пояи зироатҳои коридашуда ҷамъоварӣ мегардад. Баъзан ба чашм мерасад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ва ё шахсони алоҳида хазонҳо, бо мақсади аз онҳо халос шудан, оташ зада мешавад, аммо ғофил аз он, ки онҳо бо ин амал ба саломатии худ, наздикон ва нафарони дигар чӣ гуна зиёд мерасонанд.

Дар шаҳри Хуҷанд қуттиҳои партов нав карда шуданд

    Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи санитариву экологӣ, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 60 адад қуттиҳои партов нав карда шуданд. Боиси зикр аст, ки дар шаҳр 175 адад нуқтаи партов бо 780 адад қуттиҳо мавҷуд буда, тибқи нақша дар вақти муайянгардида гирифта шуда, мавзеъҳои мазкур мунтазам безарар гардонида мешаванд. Дар миқёси тамоми шаҳр низ иваз намудани қуттиҳои партов дар назар аст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.