Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории олами хайвонот, тибқи фармоиши сардори Раёсат таҳти № 64 аз 28.10.2020 «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ баҳри ҳифзи олами ҳайвонот дар мавсими шикор» аз тарафи нозирони шуъбаи ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ғайриқонунӣ доштани паррандаи намуди саъба бо лавозимоти ғайриқонунӣ - тӯри махсусгардонидашуда ва «чакас» сокинони ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан Иброҳимов Т., Додоев А. ва Юсупов М. боздошт гардиданд. Нисбати қонуншиканон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо фиристода шуд. Олоти шикорӣ муваққатан мусодира карда шуда, 10 сар паррандаи саъба ба муҳити табиӣ сар дода шуд.
Чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Конибодом
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии заминҳои кишоварзӣ, дар назди соҳили обанбори Қайроққум, воқеъ дар шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Э.Шарифов, деҳаи Маҳрам бо ҷалби техникаҳо чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз гардид. Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур ҳифзи заминҳои кишоварзӣ мебошад, зеро ҳамасола дар фасли зимистон зиёдшавии оби обанбор ба назар мерасад.Ба нақша гирифта шудааст, ки дар масофаи 150 метр дар ду тарафи соҳили обанбор низ чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар сойи Хоҷабоқирғони ноҳияи Б.Ғафуров
Бо икдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо дастгирии Ташкилоти байналхалқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz) ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар сойи Хоҷа Боқирғони ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои Овчикалъача, Ғозиён ва Ёва бо иштироки 420 нафар аҳолии ҷамоатҳо аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия аз ҷониби Ташкилоти байналхалқӣ бо дастпӯшак ва халта барои партовҷамъкунӣ таъмин карда шуданд. Рафти аксия сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, партов ба миқдори 21 м3 ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд.
Амалиёти фаврӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ дар Сирдарё
Бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дардарёи Сир амалиёти фаврӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёт дар мавзеи Қӯштегирмони ноҳияи Спитамен ду нафар қӯруқшикан ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт гардиданд. Сокинони деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен Ҳайдаров Р. ва Бекназаров И. дар дарёи Сир бо тӯри хитоӣ ғайриқонунӣ моҳиро сайд мекарданд ва нисбати онҳо бо моддаи 208, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб ёфта, ба суди ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон 40 метр тӯр мусодира гардид.