Дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» бо ҷалби оммаи васеи аҳолии ноҳия баргузор гардид. Дар рафти аксияи «Тозагии соҳил» 170 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия иштирок намуда, беш аз 1 км ҳудуди Томчи – сой аз партовҳо тоза карда шуд. Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист ба иштирокдорони аксия 50 адад халтаҳои полиэтиленӣ барои ҷамъоварии партовҳо дастрас гардид. Дар баробари ин, дар ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот гузаронида шуд. Марказҳои ҷамоат ва худи ноҳия аз партовҳо, аз чумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, корҳои рўбучини қади роҳ ва маҳали зист ба сомон расид. Ҳамзамон, зиёда аз 2 км ҷўйбор тоза карда шуд. Дар корҳои ободонӣ 340 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд. Партовҳо дар ҳаҷми 15,4 метри мукааб ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд.
Корбарӣ ҷиҳати оғози фаъолияти таҷҳизоти безараргардонӣ
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардони лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада ва дар асоси қарори №18 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.10.2017, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям тамғаи «ЭКОТРОМ-2»-150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ намуда буд. Ҷиҳати ба кор шурўъ намудани таҷҳизот раёсат корбарӣ карда, дар натиҷа тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.2020, №242 таҷҳизоти мазкур аз тавозуни Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба тавозуни ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара гузаронида шуд ва дар ин хусус санад аз 28.08.2020 тартиб ёфтааст.
Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод
Санаи 26.10.2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Зафаробод бо иштироки муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи ноҳия якҷоя бо бахши ҳифзи муҳити зист озмуни ноҳиявии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Дар маҷмуъ, дар чорабинӣ зиёда аз 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо дар намоиш иштирок намуда, барномаҳои омодагардидаро пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд ва онҳо соҳиби роҳхат ба чунин озмуни вилоятӣ гардиданд.
Озмуни вилоятии хонандагон дар Маркази таҳсилоти иловагӣ
Санаи 26.10.2020 дар Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 ҳафтаи илм, технология ва ихтирокории наврасону ҷавонони вилоят гузаронида шуда истодааст. Дар доираи ҳафтаи мазкур «Озмуни беҳтарин корҳои илмӣ - тадқиқотӣ» аз рўи 6 бахш, аз ҷумла бахши экология, ки ба он ҳамчун ҳакамон намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд даъват карда шуд, баргузор гардид. Дар маҷмуъ, дар озмун беш аз 100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки аз он 14 нафарашон дар бахши экология мубориза бурданд. Дар рафти озмун ҳар як кори илмӣ – тадқиқотии хонанда омўхта ва гўш карда шуда, баҳогузорӣ гардид. Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят хатогии ҳар як иштирокчӣ ислоҳ ва нисбати мавзўъҳои интихобшуда бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод гардид.