Дар кўчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд санаи 17 октябри соли равон аксияи «Тозагии роҳ» ва омода намудани ҷўйборҳо ба боришоти фасли тирамоҳу зимистон амалӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони муассисаи ободонии шаҳр, намояндагони коргоҳҳои қади роҳ дар маҷмўъ, зиёда аз 180 нафар иштирок кардаанд. Дар натиҷа беш аз 7 км қади роҳ аз партовҳо тоза гардида, ҳамчунин бо мақсади тоза намудани ҷўйборҳо ва омода намудани онҳо ба боришотҳои фасли тирамоҳу зимистон корҳои мазкур дар масофаи зиёда аз 6 км ба иҷро расонида шуд. Чунин амалиёт бо истифода аз мусоидии обу ҳаво ҳар ҳафта идома дода мешавад.
Амалиёти фаврӣ дар ҷангал
Дар давоми як ҳафта аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан амалиётҳои фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии амалиётҳо ба пешгирии буриши ғайриқонунии дарахтон, худсарона чаронидани чорво, шикорӣ ғайриқонунӣ ва дигар амалҳои ғайрирасмии соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардида, дар минтақаи Навобод, мазеъҳои Темур, таги Сурфа ва болои таги Сурфа як қатор қонунвайронкунӣ, аз он ҷумла, буриши дарахтони арча, буттаҳои бисёрсола ва бе чиптаи хоҷагии ҷангал чаронидани чорво ошкор гардид. Дар натиҷа маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо сабаби зиёд будани ҳаҷми зарари ба табиат расонида ва номуайян будани шахсияти қонунвайронкунанда барои баррасӣ ба мақомоти прокуратураи вилоят ирсол гардид.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Конибодом
Нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом бо мақсади пешбурди сиёсати экологӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дар якҷогӣ бо мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилии раёсат ва кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар кўчаҳои асосии нақлиётгарди шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузарониданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти мазкур 25 адад нақлиёти гуногунтамға аз ченкунӣ гузаронида шуда, дараҷаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо партови моддаҳои зараровар муайян гардид. Барои аз меъёр зиёд будани моддаҳои ифлоскунанда, ки аз нақлиёт ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардад, нисбати 4 нафар ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Боиси қайд аст, ки тибқи нақшаи пешбинигардида амалиёти «Ҳавои тоза» дар ҳар як шаҳру ноҳия на кам аз 1 маротиба дар семоҳа баргузор мегардад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар маҳаллаҳоишаҳри Панҷакент аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Мақсади гузаронидани чорабинии мазкур ин тоза намудани маҳалли зист аз партовҳо ва баргҳои хушки дарахтон мебошад, ки ҳамчунин ҷиҳати пешгирӣ аз касалии COVID-19, эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон ва умуман бехатарии экологии минтақа аҳмияти зиёд дорад.
Дар баргузории аксия беш аз 500 нафар сокинони маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, асосан бо корҳои тоза намудани саҳни ҳавлии биноҳои бисёрошёна ва кўчаю роҳ машғул шуда, аз ҷумла зиёда аз 5,5 км ҷўйборҳои қади роҳ тоза гардид. Ба партовгоҳи шаҳрӣ кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёда аз 30 метри мукааб партов бароварда ҷойгир намудаанд.