Бахшида ба санаи 10 октябр - Рўзи ҷаҳонии муҳоҷирати парандаҳо дар факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» семинар – вохўрии намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо донишҷўён баргузор гардид. Аз чониби мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба аҳмияти ҳифзи муҳоҷирати парандаҳо, дар фасли зимистон гузаронидани корҳои биотехникӣ дар доманаи кўҳҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи олами ҳайвонот суханронӣ карда шуд. Дар охири семинар – вохўрӣ саволу чавоб бо мутахассисон ва ҳам бо донишҷўён ба амал омада, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Амалиёти «Кўкнор - 2020» дар ноҳияи Б.Ғафуров
Санаи 10 октябри соли равон нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии раёсат якҷоя бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалиёти муштараки «Кўкнор - 2020»-ро баргузор намуданд. Дар рафти амалиёт минтақаи «Тиллотеппаи» ноҳияи Б.Ғафуров бо пуррагӣ аз назар гузаронида, дар натиҷа беш аз 8 ҳазор беҳ растании нашъадори намуди бангдонаи худрўй дарёфт ва сўзонида шуд.
Аксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Хуҷанд
Дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд, кўчаи Ҷавонӣ, аксияи «Тозагии роҳ» ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз амалӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ кормандони муассисаи ободонии шаҳр, истифода ва таъмири роҳ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва сокинони кўчаи мазкур дар маҷмўъ, зиёда аз 100 нафар иштирок кардаанд. Дар натиҷа беш аз 4 км қади роҳ аз партовҳо тоза гардида, 905 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд. Ҳамчунин, 2 км роҳи нақлиётгард аз нав мумфарш гардид.
Тозагии роҳравҳои пиёдагард дар шаҳри Истаравшан
Дар шаҳри Истаравшан, дар доираи аксияи «Тозагии маҳал» шанбегӣ бо шиори «Тозагии роҳравҳои пиёдагард» баргузор гардид. Дар фасли тирамоҳ аз ҳисоби рехтани баргҳои дарахтони қади роҳ ҷўйбору роҳравҳои пиёдагарди шаҳр бо хазон (барги хушк) ифлос мегардад. Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан якҷоя бо шуъбаи маориф баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ифлос намудани ҳавои атмосфера бо моддаҳои зараровар аз ҳисоби сўзонидани барги хушки дарахтон чунин чорабинӣ ба амал омад. Дар аксия 15 адад муассисаҳои таълимии шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, аксарият роҳравҳои пиёдагарди кўчаҳои асосӣ, аз ҷумла зиёда аз 6 км ҷўйборҳои қади роҳи нақлиётгард тоза карда шуд. Минбаъд бахши ҳифзи муҳити зист ният дорад, ки чунин амалиётро бо иштироки шаҳрвандон баргузор намояд ва хазони ҷамъгардидаро онҳо ҳамчун хошок барои хўроки моли худ истифода баранд.