Безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз мегардад

Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ намудани ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии  лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ-2” - 150-300 истеҳсоли Федератсияи Русияро харидорӣ  намуда буд.

    Таҷҳизоти мазкур бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2020, №242 ҷиҳати ба кор андохтан ба тавозуни ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Чароғ”-и шаҳри Исфара гузаронида шуд, ки минбаъд пас аз омода гардидани мутахассис дар миқёси вилояти Суғд безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям оғоз карда мешавад.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол

    Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич

  Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Деваштич амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 21 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Амалиёти назоратӣ дар самти канданиҳои фоиданоки маъмули умум

   Тибқи нақшаи корӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич хангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи нозирони бахш дар ҳудуди деҳаи Ҳабутак, ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ҳангоми бе иҷозат истихроҷ намудани хоки лалмӣ ба шаҳрвандони ноҳияи Спитамен Абдураҳмонов Завқиёр ва Ҳамроқулов Неъматҷон тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.