16 сентябр – Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон

 16 сентябр бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба ифтихори ба имзо расидани Протоколи Монреал (1987) Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон эълон гашт. Ин санаро ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли 1995 инҷониб таҷлил мекунанд. Нақши қабати озон дар ҳаёт хеле муҳим буда, барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчун сипар инсон ва дигар мавҷудоти зиндаро аз таъсири хатаровари нуриҳои зарарноки ультрабунафши офтоб муҳофизат менамояд. Камшавии миқдори озон дар қабати он ба пастшавии қобилияти муҳофизавии он оварда мерасонад ва дар натиҷа таъсири радиатсияи ультрабунафш ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад, бахусус ба суст шудани масъунияти бадани одам аз сабаби вайроншави ДНК, пайдошавии бемориҳои саратони пӯст, катарактаи чашм, диққи  нафас, харобшавии асаб, шуш ва дигар бемориҳо  оварда мерасонад.

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Айнӣ

   Баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мунтазам амалиётҳо гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар мавзеи Фон деҳаи Пинён аз ҷониби кормандони бахши муҳити зисти н.Айнӣ ҳангоми ошкор намудани кони ғайрирасмии ангишт ва бе иҷозат кандани он ба шаҳрвандон Маҳмудов А. ва Рузиев Б. тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда ба маблағи 702 сомонӣ ҳисоб ва пешниҳод карда шуд.

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ

 Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №391, аз 21 сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт. Ба наздикӣ дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани чашни мазкур дар мамнуъгоҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ бомаром идома дошта, дар ободу зебо намудани мамнуъгоҳ мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят низ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон» дар ш.Панҷакент

 Тибқи супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи мухити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ҶДММ КМ «Зарафшон» ва таъсири он ба муҳити зист дидан намуд. Зимни шиносоӣ бо роҳбарияти корхона пешниҳод дода шуд, ки баҳри бехатарии аҳолӣ  ва солим нигоҳ доштани муҳити зист гирду атрофи партовгоҳ бо симтӯр иҳота карда шуда, дар ҳудуди корхона барои ташкили минтақаи муътадил ба шинонидани дарахтони сояафкан ва кабудизор намудани он диққати бештар дода шавад. Ҳамчунин барои паст кардани чанг аз сехҳои майдакунӣ ва ҳаракати нақлиётҳо дар роҳҳо мунтазам обпошӣ карда шуда, сатҳи болоии полоишгоҳ дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.