Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ 29–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, дӯстдорони табиати нотакрори кишвари азизамон самимона табрику муборакбод мегӯям. Дастоварди бузургтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ ин барқарор намудани суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси назоратии Раёсат

 Ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти 9 моҳаи мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят санаи 4 сентябри соли равон бо иштироки муовини сардори Раёсат Абдумаликзода Б.А. бо сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо маҷлиси назоратӣ баргузор гардид. Рафти маҷлис оид ба корбарӣ “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ, пешгирӣ намудан аз ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш, хӯрданибоб ва фурӯши ғайриқонунии он, ба ҳисоб гирифтани шумораи аслии табиатистифодабарандагон, тартиб додани феҳристи умумии субъектҳои хоҷагидор, назорати давлатӣ дар самти истифода ва ҳифзи замин, сарватҳои маъмули умум ва муомилот бо партовҳо, мунтазам гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Ҳавои тоза”, таъмини қарзи 20% ба суратҳисоби маблағҳои махсуси ҷумҳуриявию вилоятӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолият баррасӣ гардид.

Тозаву обод намудани соҳили Сирдарё

  Ба истиқболи ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию созандагӣ мунтазам идома дорад. Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади тозаву обод намудани соҳили дарё дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат соҳили дарёи Сир бо иштироки кормандони Сарраёсати ободонӣ аз алафхои бегонаи гуногун ва партовҳо тоза карда шуда, дар натиҷа ба партовгоҳ 8,2м3 партов бароварда шуд.

Ҳашари дастаҷамъона дар шаҳри Истиқлол

 Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол дар махаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол шанбегии дастаҷамъона бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони маҳалла доир гардид.  Ҳашарчиён гирду атрофи маҳалла ва қабристонро пурра аз алафҳои худруйи гуногун ва партовҳои ҳархела тоза намуда, тақрибан 4 м3 партов бароварда шуд. Ҳамчунин бо мақсади барқарор кардани қабати фарсудашудаи роҳ кӯчаи асосии маҳалла ба масофаи 1 км таъмир карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.