Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара

 Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Исфара амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

    Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Амалиёти назоратӣ дар шаҳри Гулистон

Дар вақти гузаронидан амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар шаҳраки Адрасмон-и шаҳри Гулистон ҳангоми ғайриқонунӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум шаҳрванд Юлдошев А.  ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристода шуд.

Насби шиори экологӣ дар ноҳияи Ашт

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо мақсади сазовор  истиқбол гирифтани  ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар роҳи асосии Хуҷанд – Шайдон шиори экологӣ бо андозаи  2х 4 метр, бо навиштаҷоти «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» насб карда шуд. Насби дигар шиорҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия дар назар аст.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш. Хуҷанд

 Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Дар рафти амалиёт 86 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.