Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон санаи 14 августи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар семинар оид ба истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарзи дуруст тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳокимаи Кодекси Оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳияи нав – 2020 сол), дуруст ба роҳ мондани ба қайдгирии маводҳои содиротӣ ва воридотӣ, ташкил намудани парвандаҳои муроҷиат оид ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тибқи конунҳои амалкунанда баррасӣ намудани аризаҳо ва дархостҳо, тартиб додани санади санҷишӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, тарзи дуруст тартиб додани ҳисоботи омории 2 ТП ҳаво, дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Истиқлол
Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол, ҳамҷоя бо шуъбаи назорати таҳлил бо мақсади пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 15 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Конибодом
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 41 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободу зебогардонии муҳити атроф дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд мунтазам шанбегиҳо гузаронида шуда истодаанд .Бо ин мақсад дирӯз дар кучаҳои маҳаллаҳои Ҷ.Расулов, Сари баланд, Навбахор бо иштироки беш аз 430 нафар сокинони махалла, соҳибкорон ва кормандони муассисаҳое, ки дар қадди роҳ ҷой гирифтаанд, аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйбор ба масофаи– 2310 м, худуди маҳалла ба масоҳати – 1420 м2, қадди роҳҳо – 2600 м, майдонхо аз алафхои худруй ва партовҳо ба масоҳати – 320 м2 тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ 3м3 партов бароварда шуд. Баргузории чунин шанбегиву корхои ободонӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд низ идома дорад.