Насби шиори экологӣ дар ноҳияи Ашт

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо мақсади сазовор  истиқбол гирифтани  ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар роҳи асосии Хуҷанд – Шайдон шиори экологӣ бо андозаи  2х 4 метр, бо навиштаҷоти «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» насб карда шуд. Насби дигар шиорҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия дар назар аст.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш. Хуҷанд

 Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.Дар рафти амалиёт 86 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Семинари омузишӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши кормандон  санаи 14 августи соли равон  дар толори маҷлисгоҳи Раёсат семинари бозомӯзӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Дар семинар  оид ба истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарзи дуруст тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо риояи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳокимаи Кодекси Оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳияи  нав – 2020 сол), дуруст ба роҳ мондани ба қайдгирии маводҳои содиротӣ ва воридотӣ, ташкил намудани парвандаҳои муроҷиат оид ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тибқи конунҳои амалкунанда баррасӣ намудани аризаҳо ва дархостҳо, тартиб додани санади санҷишӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, тарзи дуруст тартиб додани ҳисоботи омории 2 ТП ҳаво, дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист масъалаҳои муҳимтарин  ба ҳисоб мераванд. 

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Истиқлол

 Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол, ҳамҷоя бо шуъбаи назорати таҳлил бо мақсади пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 15 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда  нашуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.