Нишасти матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  27 июли соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фараж»,  телевизионҳои  ШТР «Азия»,  ТВ  Суғд, дар маҷмўъ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2020 дастрас гардид.

Шанбегӣ дар ноҳияи Зафаробод «Тозагии маҳал»

 Ҷиҳати амалигардонии накшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 85 нафар иштирокчиён ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, ҷуйбору роҳравҳо ва  боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи С.Айниро аз партовҳо тоза намуданд.

Семинари омӯзишӣ дар самти қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи супориши раиси Кумита Шерализода Б.А. дар  Маркази  бозомӯзии шаҳри Гулистон  бо  иштироки сардорони шуъбаҳои Кумита Судуров С., Шукуров И., Мардонов М., Шамсиддинов Х. семинари бозомӯзӣ доир гардида, дар он кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти семинар оид ба қоидаҳои  гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар мақомоти ҳифзи муҳити зист, моҳияти кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, № 1668 ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи моддаи 27 кодекси мазкур доир ба пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи замин, КФМУ ва муомилот бо партовҳо ва тартиби ҳисоб намудани пардохтҳо, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи олами набототу

Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд

 Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои  миллӣ  ва  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд  вусъат ёфта истодааст. Бо мақсади  тозаву обод нигоҳ доштаникӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар кӯчаи  Султон Умар аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳр  қадди роҳ аз алафҳои  бегона тоза карда шуд. Корҳои мазкур аз ҷониби масъулон мунтазам гузаронида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.