Аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар деҳаи Қурғончаи ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров ошкор гардид, ки аз ҷониби шахрванд Бобоҷонов Н. талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаи 14-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гардидааст. Шаҳрванд Бобоҷонов Н. бо нақлиёти худ, тамгаи ГАЗ-66, ки бо таҷҳизоти барои пармакунии чоҳи амудӣ таҷҳизонида шудааст, бе хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ бо пармакунӣ барои гирифтани об машғул буда, дар натиҷа барои қонунвайронкунӣ бо дастрасии моддаи 219 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Бӯстон
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ, ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия кормандони соҳаи тандурустӣ ва раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ кӯли шаҳриро пурра аз алафҳои бегона, партовҳои ҳархела тоза карда, 5 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Баргузории аксияҳо то ҷашнҳои миллӣ мунтазам идома дода мешавад.
Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир
Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печон сокини деҳаи Хӯҷа Тоҳир, ҷамоати деҳоти Яхтан Амонов Оламгир ошкор гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Боиси қайд аст, ки мори печон як навъ мори безаҳр буда, дар дашт маскун аст. Зоҳиран кӯрморро мемонад, бинобар ин мардуми таҳҷойи онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шуда, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст.
Тоза намудани дарёи Сир
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд баён доштанд, амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати ба тартиб даровардани соҳилҳои дарёи Сир бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корҳои дарётозакунӣ аз қамиш ва растаниҳои номувофиқ аз пули «Ҷашнӣ» то пули марказии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Бо истифодаи 2 адад қаиқ ва 10 нафар кормандони корхонаи ободонӣ соҳили дарё аз қамиш тоза карда шуда, корҳои мазкур дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Сир пешбинӣ гардидааст. Тоза намудани дарё дар соҳили рост низ ба нақша гирифта шудааст.