Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Деваштич амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.
Истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданок дар ноҳияи Айнӣ
Тибқи нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ аз тарафи кормандон дар минтақаи Фондарё деҳаи Равот худсарона истихроҷ намудани ангишт сокинони деха Латипов Р. ва Раҳмонов Т. ошкор карда шуданд. Кирдори мазкур бар хилофи моддаи 2.8 ва 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» буда, нисбати қонуншиканон барои бе иҷозати махсус истихроҷ намудани захираҳои табиӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳашари умуминоҳиявӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист ҳашари ноҳиявӣ бо иштироки аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони муассиса ва ташкилотҳо гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳашар зиёда аз 5 км қади роҳҳои нақлиётгарди ҷамоати шаҳраки Меҳробод, 4,5 км ҷӯйҳо ва лотокҳо, 1,2 км селроҳаҳои Исфанасой, Томчисой, кучаҳову хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз алафхои бегона ва партовҳои ҳархела тоза карда шуда, зиёда аз 24 м3 партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар манбаъҳои обӣ
Дар асоси нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар минтақаи санитарии муҳофизати манбаъҳои обӣ, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Ёва ва Унҷӣ шаҳрванд Алибоев Искандар бо нақлиёти худ тамгаи ЗИЛ рақами қайди давлатиаш 8251- КН- 02 ҳангоми партофтани партовҳои сохтмонӣ ба соҳили дарёи Сир ошкор карда шуд. Дар натиҷаи ифлос намудани манбаҳои обӣ нисбати қонуншикан Алибоев И. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров пешниҳод гардид.