Тозагии манбаъҳои обӣ- омили солимии ҷомеа

 Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷўйборҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.01.2020., №10 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагил-2020», фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз санаи 22.01.2020 сол №04 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 58 маротиба аксияи мазкур гузаронида шуд.

Ободонии шаҳр – мароми мост!

    Рӯзҳои истироҳат таҳти шиори «Ободонии шаҳр – мароми мост!» ба ифтихори 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеъ ҳашари умумишаҳрӣбагузор гардид. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву идора, ташкилоту муассисаҳо, сокинон фаъолона ширкат варзида, дар ободониву кабудизоркунии маҳалли зист саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, намояндагони муассисаву ташкилотҳо ва сокинони маркази шаҳр якҷоя бо кормандони КВД ХМК-и шаҳр дар кӯчаи марказӣ, маҳаллаҳо, гулгаштҳо, минтақаи истироҳатӣ, соҳили обанбори “Баҳри тоҷик”, даромадгоҳи шаҳр ва атрофи хонаҳои баландошёна ниҳолу гулҳои гуногуни ороишӣ шинонида, дар хуррамгардонии шаҳр нақши худро гузоштанд.

Аксияи «Тозагии махал» дар н.Б.Ғафуров

  Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов бо иштироки 160 нафар  кормандони ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаву ташкилотҳоаксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия кади роҳҳо 3000 м тоза карда шуда, 4 тн.партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Хуҷанд : Вусъати ҳашарҳои дастҷамъона

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд  вусъати тоза  касб кардааст. Дар ин росто ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат  дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд  гузаронидани ҳашарҳои дастҷамъона ба ҳукми анъана даромадааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ сокинони маҳаллаҳо ва кормандони идораву ташкилоту муассисаҳо ба ҳашар баромада, барои  тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва маҳалли зисти худ корҳои назаррасро ба анҷом  мерасонанд.

Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи хиёбони Истиқлол  чунин ҳашари дастҷамъона   гузаронида шуда, заминҳои шафати роҳи мазкур аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.