Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рузи Ваҳдати миллӣ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад. Бо ин мақсад тибқи накшаи чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар як қатор мавзеҳои кабудизори шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо ва боғи истироҳатии шаҳр, бо истифодаи техникаи махсус корҳои профилактикӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки ҳангоми азназаргузаронии мавзеҳои кабудизори шаҳр ҳодисаҳои ба касалӣ гирифтор шудани ниҳолҳо ва дарахтон мушоҳида гардид, ки ин боиси рехтани баргҳои дарахтон ва хушкшавии онҳо гардида, ба ҳолати экологӣ ва эстетикӣ таъсири манфӣ расонид. Ба сохторҳои масъул тавсия дода шуд, ки бо мақсади тезтар барқарор кардани дарахтони касал онҳо бояд бо маводҳои иловагии ғизоӣ таъмин карда шуда, обмонии дарахтон ва ниҳолҳо мунтазам ба роҳ монда шавад. Тибқи тавсияи дарахтшиносон (дендрологҳо) корҳои профилактикӣ ҳар 20-25 руз гузаронида мешавад.
Ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо
Баҳри иҷроиши нақшаи корӣ, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назоратӣ дар маҳаллаи нави шаҳри Бустон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон – Солиев Ҳ. ҳангоми ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истехсолии сохтмонӣ ошкор карда шуд. Маводи тартибдода барои баррасӣ ба прокуратураи шаҳрӣ фиристода шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Спитамен
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ тариқи ҳашар бо иштироки аҳолии ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳия бо истифодаи 2 адад техника роҳи асосӣ аз партовҳои бесоҳиб тоза карда шуд. Рафти ҳашар 10 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд.
Мониторинги ҳолати радиатсионӣ дар вилояти Суғд
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи нақшаи корӣ мунтазам, ҷиҳати муайян намудани сатҳи радиатсонӣ дар партовгоҳхои радиофаъол, ченкунии гамма - афканишоти радионуклидҳои табииро мегузаронад. Аз он ҷумла, дар давоми соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд - 11 нуқта, Бўстон - 6 нуқта, Истиқлол - 11 нуқта ва ноҳияи Б.Ғафуров дар 11 нуқта мониторинги гамма – афканишоти радионуклидҳои табиӣ гузаронида шуд, ки сатҳи он аз меъёри муқарраргардида зиёд ба қайд нарасид. Бо мақсади ба ҳолати бехавф овардани партовгоҳҳои радиоактивииКВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», «Барномаи тадбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардида буд.