Омодагии обутобгоҳҳои шаҳри Хуҷанд

 Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бо иштироки кормандони корхонаи ободонии хоҷагиии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд корҳои омодагии обутобгоҳи соҳили чапи дарёи Сир ба мавсими тобистонаи соли равон гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, ҳамчунин нақлиётҳои партовкашони муассисаи махсуси шаҳр ҷалб гардид. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тоза намудани ҳудуди обутобгоҳ аз алафҳои бегона ва партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ ва рўбучин кадани роҳравҳо беш аз 11 метри мукааб партовҳо бароварда шуд. Ҳамзамон, ҷўякҳои зери гулҳои мавсимӣ ба тартиб оварда шуда, тоза намудани ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар таҷҳизотҳои ба истироҳаткунандагон зарур амалӣ гардид.

Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист

 Дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилояти Суғд бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист ташкил ва гузаронида шуд, беш аз 15,5 ҳазор нафар ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти аксияҳо корҳои тоза намудани ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш – 40,5 км, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо – 31,9 км амалӣ гардида, зиёда аз 175,4  метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин – 18,7 ҳазор метри мураббаъ, бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо истифодаи техникаҳои махсуси зарурӣ, сафед намудани пояҳои дарахтон - 640 бех, сафед намудани ҳусни зоҳирии биноҳо - 4010 метри мураббаъ ва тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ва нарм намудани онҳо – 42,4 ҳазор метри мураббаъ, сафед намудани роҳгаштҳо – 1,6 км ва тоза намудани соҳилҳои манбаъҳои обӣ – 7,2 км ба иҷро расонида шуд.

Аёдати кўдакони маъюб дар шаҳри Панҷакент

 Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бахшида ба Рўзи байналмилалии кўдакон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист аёдати кўдакони маъюб амалӣ гардид. Дар маҷмўъ, дар шаш оила кўдакони маъюб аёдат карда шуда, ба онҳо тўҳфаҳо, аз он ҷумла бозиҷаҳо, қаламҳои ранга бо албом ва дигар лавозимотҳо барои расмкашӣ, инчунин маводи пешгирии касалиҳои сироятӣ – коронавирус COVID-19 (маводи антисептикӣ, дастпўшаки резинӣ, ниқоб) тақдим гардид.

Аксияҳо бахшида ба санаи 5 июн дар ноҳияи Деваштич

   Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсат ва нақшаи чорабиниҳои бахшида санаи 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ноҳияи Деваштич аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» баргузор гардид. Бо ҷалби аҳолии деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия, дар маҷмўъ беш аз 200 нафар ба ғайр аз рўбучин намудани роҳу минтақаҳои аҳолинишин, кори асосӣ ин тоза кардани маҷрои сой аз ҳар гуна партовҳо ба анҷом расид. Худи ҳамин рўз ба партовгоҳи ноҳия зиёда аз 7,4 тн партовҳо бо қувваи хоҷагии манзилию коммуналӣ бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.